Газели


Показаны записи 471-480 из 534

Туро дар кӯи ҷонон хонае ҳаст

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Туро дар кӯи ҷонон хонае ҳаст, Ба ҳар кӯе чу ман девонае ҳаст. Бизан чӯбаш, ки дузд аст он сари зулф, Ба даст ар нест чӯбат, шонае ҳаст. Мунаввар шуд ба рӯят дида, дил низ, К-аз он маҳ нур дар ҳар хонае ҳаст. Нишони он ки рӯят хирманам сӯхт, Бар он оташ зи холат донае ҳаст. Самоъи мо ба зоҳид дарнагирад, Дар ин сӯҳбат магар бегонае ҳаст? Мазан, эй хумшикан, бар сӯфиён санг, Ки зери хирқаам паймонае ҳаст. Камол, ар нест ҳечат лоиқи дӯст, Fазалҳои тари риндонае ҳаст. Туро ду рух ба ду хат фанни дилбарӣ омӯхт, Ту аз ду чашму ду чашм аз ту соҳирӣ омӯхт. Ту тифли мактаби ҳуснӣ, муаллими ту ду чашм, «Муаллимат ҳама шӯхиву дилбарӣ омӯхт».* Фиребу макр ба ғамза чӣ медиҳӣ таълим? Ба гӯшагир чӣ ҳоҷат фурӯтарӣ омӯхт? Куҷо дуруст кунанд аҳли зӯҳд тахтаи ишқ, Ки мушкил аст ба маймун даравгарӣ омӯхт. Ба даври ҳусни ту он ориф аст ҳарфшинос, Ки лавҳи зӯҳд сутурду қаландарӣ омӯхт. Касе, ки қимати хоки дараш ба ошиқ гуфт, Баҳошиносии ҷавҳар ба ҷавҳарӣ омӯхт. Камол бурд ба нутқ аз шакар сабақ, гӯӣ, Лабат ба тӯтии табъаш суханварӣ омӯхт.

Туро бо ман сари ёрӣ намондаст

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Туро бо ман сари ёрӣ намондаст, Сари меҳру вафодорӣ намондаст. Маро имрӯз бо ту хотире низ, Ки бе мӯҷиб биёзорӣ, намондаст. Надонам, бо кӣ ҳамрангӣ гузидӣ, Ки дар ту бӯе аз ёрӣ намондаст? Ба мо аз андаке андак вафое Гарат мондаст, пиндорӣ, намондаст. Бирас фарёди дарди ман, Худоро, Ки бешам тоқати зорӣ намондаст. Ба рӯз ой, эй шаби ҳиҷрон, ки дигар Чу шамъам тоби бедорӣ намондаст. Камол, аз умри бе ӯ рафта чизе, К-аз он чизе ба даст орӣ, намондаст. Туро ба як-ду хати мусталаҳ фузулӣ чист? Усули илми ладунӣ ба беусулӣ чист? Калом хондиву мантиқ, к-аз ӯ шавӣ мақбул, Аз он ду ҳосили ту ғайри ноқабулӣ чист? Зи ҳирси қадру маҳал насх гаштаиву ҳанӯз Таносухе чи бувад гӯиву ҳулулӣ чист? Дил аз шунидани Қуръон бигирадат ҳама вақт, Чу ботилон зи Каломи ҳақат малулӣ чист? Ба роҳи хайр ба як қатра афтадат сад макс, Ба шаррат ин ҳама бесабриву аҷулӣ чист? Муқаррабони Худоянду ворисони расул, Ту аз Худой чунин дуриву расулӣ чист?

Бе маҳи рӯи ту оҳам зи Сурайё бигузашт

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бе маҳи рӯи ту оҳам зи Сурайё бигузашт, Дида дарё шуду ҳар қатра зи дарё бигузашт. Гарчи дар маҷмаи дил дарди ту буд садрнишин, Нола чун бартар аз ӯ буд, ба боло бигузашт. Гар сабо омаду бӯи ту зи мо дошт дареғ, Шокирем аз ту ба ҳар ҳол, ки бар мо бигузашт. Чамани ҷони маро ғунчаи шодӣ бишукуфт, То хаёли даҳанат дар дили шайдо бигузашт. Сарв мехост ба побӯси ту ояд чун об, Лекин аз ҷӯ натавонист ба як по бигузашт. Баски фармудам аз он лаб дили худро парҳез, Сӯфии мо натавонист зи ҳалво бигузашт. Эй, ки гуфтӣ, бибарам қиссаи ту пеши табиб, Мабар, ин ранҷ, ки корам зи мудово бигузашт. Дил бар он хоки дар аз ҷон рақаме дошт, Камол, Ҷаъала-л-ҷанната мисвоҳ* ҳамон ҷо бигузашт. _______________________________ *Ҷояш ҷаннат шавад! (дуои хайр) _______________________________ То хаёлатро дилам манзилгаҳ аст, Аз маҳи нав манзили ман пурмаҳ аст. Гар лабат бӯсам, зи бисмил чора нест, К-ифтитоҳи милҳ аз бисмиллаҳ аст. Як шабе бо мо нишин, к-аз рӯзи умр Як шабе мондасту он ҳам кӯтаҳ аст. Меҳнати ҳаҷри ту соат-соат аст, Давлати васли ту ногаҳ-ногаҳ аст. Ман ба дуздӣ гирам он чоҳи зақан, Кон ки ақли кул бибурдаст, он чаҳ аст. Рехтӣ бар ҳар замин хуни Камол, То нагӯянд, ин чӣ хуни бе раҳ аст?

Бе хидмати ту кас ба ҷаҳон иззате наёфт

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бе хидмати ту кас ба ҷаҳон иззате наёфт, Шоҳе, ки чокари ту нашуд, ҳурмате наёфт. Дар номаи саодати худ дардманди ишқ Бе доғи меҳнате рақами давлате наёфт. То ғам нахӯрду дард, наяфзуд қадри мард, То лаъл хун накард ҷигар, қимате наёфт. Бе хандаи ту кони намак хони заҳмат аст, Ҷон аз наими ҳар ду ҷаҳон лаззате наёфт. Дил з-он лабу даҳон натавонист бурд ҷон, Будаш маҷол танг, магар фурсате наёфт? Пашминапӯш хирқаи солус то насӯхт, Аз ҷомахонаи карамат хилъате наёфт. Чандон ки бозҷуст дар амъоли худ Камол, Мақбултар зи тарки риё тоате наёфт. Бе дарди диле роҳ ба дармон натавон ёфт, То ҷон надиҳӣ, сӯҳбати ҷонон натавон ёфт. ҳар дил набувад ҷои ғами ишқи ту, к-он ғам Ганҷест, ки ҷуз дар дили вайрон натавон ёфт. Дар домани хоре бинишинем, чу гул нест, Бо дард бисозем, чу дармон натавон ёфт. То чашми ту ҷоду буваду хашми ту кофир, Дар рӯи замин ҳеч мусалмон натавон ёфт. Ҷонпарварие, к-аз лаби дилҷӯи ту дидам, Инсоф, ки дар чашмаи ҳайвон натавон ёфт. Дар сояи зулфи ту, ки шуд маҷмаи дилҳо, Ғайр аз дили ман ҳеч парешон натавон ёфт. Бо гармраве воқифи ин роҳ чи хуш гуфт: Оҳиста, ки ин роҳ пур осон натавон ёфт. Дарбанд миён аз дилу ҷон бандагияшро, Бе қурби шараф қурбати султон натавон ёфт. Бархез, Камоло, ки дари каъбаи мақсуд Бе он ки кунӣ қатъи биёбон, натавон ёфт.

Бе таваққуф ман аз ин шаҳр бадар хоҳам рафт

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бе таваққуф ман аз ин шаҳр бадар хоҳам рафт,* Бе тараддуд зи паи ёр ба сар хоҳам рафт. Борҳо бори гарон бар дилу ҷон бар кафи даст Рафтаам аз паи мақсуду дигар хоҳам рафт. Эй азизон, ки надоред сари ҳамроҳӣ, Ба иҷозат, ки ҳам акнун ба сафар хоҳам рафт. Бо вуҷуди тани бемору гаронбории ишқ, Субҳдам дар ақиби боди саҳар хоҳам рафт. То кунам дидаи ғамдида ба рӯяш равшан, Пеши он шамъи дили аҳли назар хоҳам рафт. Бӯи ҷамъият аз он роҳгузар меояд Ман бад-он бӯй бар он роҳгузар хоҳам рафт. То заминбӯси дари шоҳи ҷаҳон дарёбам, Андар ин раҳ чу фалак зеру забар хоҳам рафт. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад. _______________________________________ Бе ту маро чашми ҷаҳонбин тар аст, Чеҳра ба хуни дили ғамгин тар аст. Дар таби ҳаҷри ту лабу чашми ман Як-ду дам он хушку даме ин тар аст. ҳеч шабе бар сари болини ман Дида нахусбид, ки болин тар аст. Лашкарии ишқи туро з-оби чашм Асп тару ҷома тару зин тар аст. Тифливу ояд зи ту шӯхӣ малеҳ, З-он ки зи шират лаби ширин тар аст. ҳар ки хиҷил шуд, ба арақ тар шавад, Пеши рухат з-он гули рангин тар аст. Дар сифати холу хати ӯ, Камол, Дамбадам анфоси ту мушкинтар аст.

Бунёди вуҷудам зи ту , эй дӯст, хароб аст

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бунёди вуҷудам зи ту , эй дӯст, хароб аст* В-ин корхаробӣ ҳама аз ҳубби шароб аст. Ҷонам ба азоб аст зи махмурии дӯшин, Соқӣ, қадаҳе деҳ, ки дар он айни савоб аст. Чун мегузарад умр сабук, ратли гарон деҳ В-ин чархи гарон аз паи мо чун ба шитоб аст. Зоҳид, ки шавад ғарра ба зӯҳде, ки надорад, Он зӯҳди фиребандаи ӯ нақши сароб аст. В-он кас, ки бувад ошиқу бебоку қаландар Мақсуди ҳақиқиш зи май рафъи ҳиҷоб аст. Эй пир, агар аҳди ту дар ишқ шикастем, Машкан дили аҳбоб, ки ин айни шабоб аст. Эй хуфтаи бедард, набинӣ, ки ҳама шаб Моем назарбозу туро дида ба хоб аст. Гӯянд, ки нуқсони Камол аст, ки доим Ҷӯёи шароб асту кабоб асту рубоб аст. _______________________________________ * Ин ғазал аз нусхаи Давлатободист ва бори нахуст ба хати сирилик чоп мешавад. _______________________________________ Бе ту аз дардам оромидан нест В-аз туам тоқати буридан нест. Гар ту шамшер мекашӣ моро, Заҳраи оҳ баркашидан нест. Оҳи мо бо ту кай расад, к-он ҷо Бодро мумкини расидан нест? Ёр дар пеши чашми туст, эй ашк, ҳоҷати ҳар тараф давидан нест. Хостам бӯс аз он даҳон, нашнид, Расми хурдон сухан шунидан нест. Гуфтамаш: Аз даҳонат, эй бути Чин, Коми ман ғайри лаб газидан нест. Чин дар абрӯ фиканду гуфт: Камол, Нақши Чин ҷуз барои дидан нест.

Ба макру ҳила бар ӯ дастрас на имкон аст

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ба макру ҳила бар ӯ дастрас на имкон аст, Ки ҳамчу сарви баландаш ҳазор дастон аст. Даруни парда рухи ӯ ҳазор сина бисӯхт, Наузубиллаҳ аз он оташе, ки пинҳон аст. Дар остони ту танҳо на ашк ғалтаду бас, Ба хуну хок сару дида низ ғалтон аст. Зи гиря бар сари мардум яқин, ки хонаи чашм Фурӯ равад шаби ҳиҷрон, зибаски борон аст. Агар шикаст зи тират ба дида пайконе, Ниҳода дидаи дигар барои товон аст. Чу аз лаби ту ҳадисе ба гӯши ҷон бирасид, Дилам зи даст бирафту ҳадис дар ҷон аст. Зи шавқи рӯи ту завқест дар ҳадиси Камол, Чу андалеб, ки бар сарву гул хушилҳон аст. Бунафша дастае бар арғувон аст, Гарат бар лола сунбул соябон аст. Лаб аст он, ё ақиқ он дурҷи ёқут, Ки дар вай лӯълуи лоло ниҳон аст? ҳилолат абрӯву хуршед талъат, Узорат моҳу қад сарви равон аст. Дилам зулфи парешонат чу бирбуд, Маро ошуфтагии кор аз он аст. Миёну мӯи ту фарқе надоранд, Кӣ медонад, ки он мӯй, ин миён аст? Буто, ҳар дам макун қасди равонам, Агарчи ҳукми ту бар ман равон аст. Маҷӯ аз ман ҷудоӣ, эй дилором, Ки дидорат маро ороми ҷон аст. Наям аз ғамзаат эмин замоне, Чу чашмат фитнаи охирзамон аст. Камол аз шавқи лаъли шаккаринат, Бағоят тӯтии ширинзабон аст.

Бар лаби лаъл хати сабз туро пирӯзист

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бар лаби лаъл хати сабз туро пирӯзист, Бар занахдони чу беҳ хол туро беҳрӯзист. Кард равшан ҳама офоқ таҷаллои рухат, Одати талъати хуршед ҷаҳонафрӯзист. ҳама олам ба тамошои ту шоданд, оре, Ту маҳи идию рӯи ту гули наврӯзист. Дили бечора ҳамеша зи ту садпора чарост? Тири мижгони туро қоида чун дилдӯзист. Бар сари турбатам оиву бияфшонӣ ашк, Шамъро бар мани хокӣ беҳ аз ин дилсӯзист. Рӯзии дил зи азал зулфи дутои ту фитод, Дили бечора, назар кун, чӣ парешонрӯзист! Сар зи қайдат накашад бо ту чу омӯхт Камол, Мурғи маълуф гирифтор зи дастомӯзист. Ба кӯят дил ғуломи хоназод аст, Чу сар бар дар ниҳад, муқбил ниҳодаст. Рақиб озодагонро мӯътақид нест, Ки нодарвеш андакэтиқод аст. Занад лофе ба он рух моҳи шабгард, Надонад, к-аз пиёда рух зиёд аст. Гар аз рӯи замин хезад ғаму дард, Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст. На танҳо дил дар он кӯй аст мискин, Ки ҳар ҷо ҳаст мискин, номурод аст. Фаромӯшат кунам гуфто ба зудӣ, Маро аз дергаҳ ин нукта ёд аст. Камол аз ваъдаи васлат батар сӯхт, Ки ҷонаш оташу ишқу ту бод аст.

Ба хубон меҳр варзидан чӣ кор аст?

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Ба хубон меҳр варзидан чӣ кор аст? Рухаш бин, варна маҳ дидан чӣ кор аст?! Ба ёди лаъли дилбар хуни дил нӯш, Шароби лаъл нӯшидан чӣ кор аст? Ба меҳри Юсуф аз ҷон қатъ кун, қатъ, Ба теғе даст бибридан чӣ кор аст? Гар орад ҷон ба лаб ошиқ дар ин кор, Лаби маъшуқ бӯсидан чӣ кор аст? Самоъ осон бувад бар сӯфии гарм, Чу оташ ҳаст, ҷӯшидан чӣ кор аст?! Ба доман айби риндон пӯш, зоҳид, Либоси зӯҳд пӯшидан чӣ кор аст? Камол, аз ҳар ду олам рӯй дарпеч, Ба сар дастор печидан чӣ кор аст? Бар ду рухи ман ду ҷӯи хун, ки равон аст, Аз ту маро сурхрӯии ду ҷаҳон аст. Нест камӣ дар паноҳи ишқи ту моро, Дарди ту бо ҷону дил вазифарасон аст. Рӯзу шабам сӯзу куш чу шамъ, ки ошиқ Сӯхтаи ин муроду куштаи он аст. Ҷуз ғами рӯи ту бар дилам зи заифӣ Гар ҳама барги гул аст, бори гарон аст. Бар қадамаш сар ҳаменеҳ, эй дилу мерав, То накунӣ пай ғалат, ки роҳ ҳамон аст. Дида бар он пой суданам нагузоранд, Охир, аз ин суд дӯстро чӣ зиён аст? Кист, Камол, ин ки бо ту дар сухан омад, Ҷинси суханҳои ту на ҳадди забон аст.

Бозам ба ноз куштӣ, сад ҷон фидои нозат!

Дата добавления: 02.12.2015 Добавил: Администратор
Бозам ба ноз куштӣ, сад ҷон фидои нозат! Ман зиндатар аз онам, гар рағбат аст бозат. Тунд омадӣ, кӣ донад, бо кист ин итобат? Пинҳон шудӣ, кӣ ёбад, к-аз кист эҳтирозат? Воқиф на аз ту як тан аз сокинони кӯят, Огаҳ на аз ту як дил аз маҳрамони розат. Эй хирқапӯши толиб в-эй дурднӯши ғолиб, Ин хаста дар намозат в-он ҳам ба сад ниёзат. Равшан чароғи давлат бо моҳи дилфурӯзат, Сарсабз боғи ишрат аз сарви сарфарозат. Эй мутриби хушилҳон, имшаб бимол бар чанг Талқе, вагарна сӯзам, сӯзад нуҳуфта созат. Пеши ту ҳар кӣ пурсиш омад, Камол, рӯзе, Бигрехт зуд чун дуд аз сӯзи ҷонгудозат. Ба чини зулф рухат рашки сурати Чин аст, Зи вақти шир мазидан лаби ту ширин аст. Даме зи дидаи пурхун намешавӣ берун, Бад-он ҷиҳат, ки ту тифливу хона рангин аст. Дигар фусӯскунонам магӯ, ки з-они туам, Ки сӯхтам зи дурӯғи ту, ростӣ ин аст. Зи меҳр карду вафо тавба он дили сангин, Чӣ гуна тавбаи ӯ бишканам, ки сангин аст? Ба дарду ғам чӣ ниҳӣ миннатам, зи нав ситаме Карам намой, ки ин лутфҳои дерин аст. Бурам сар аз тану бар остонат андозам, Гараш ба хоб бубинам, ки майли болин аст. Барои васли ту хонад Камол вирду дуо, Нахондаӣ, ки дуоҳо барои омин аст.

Показаны записи 471-480 из 534